Бештари духтурон ба занҳо тавсия медиҳанд, ки ҳаёти фаъолонаи ҷинсӣ баранд. Ба гумон, ба бисёриҳо таъсири шаҳватро ба саломатии зан донистан мехоҳанд? Пас биёед ин масъаларо муфассалтар дида мебароем.Ҳангоми наздикии маҳрамонадар занҳо мушакҳо машқ ёфта, пас аз шаҳват ором меёбанд. Ҳамин тавр, ҳангоми наздикии ҷинсӣ системаи дилу рагҳо мустаҳкам гардида, мубодилаи моддаҳо суръат меёбанд, аз ҳисоби суръати баланди хун дар венаҳо ихроҷшавии моддаҳои заҳрнок аз организм зиёд мешавад. Беҳолшавии чуқури мушакҳо ҳангоми муносибати шаҳвонӣ аз пиршавӣ эмин намуда, стрессро зуд бартараф менамояд.Наздикии маҳрамона дар организми зан ба ҳосил шудани эстроген мусоидат менамояд, ки он кори мушакҳои дилро ба танзим дароварда, ҳолати ҳамаи узвҳои даруниро хуб менамояд, ба мустаҳкамшавии мўйу нохунҳо мусоидат мекунад, пўстро ҷилодор сохта, онро ҷавонтар менамояд. Шаҳват ғайр аз эстроген боз ба ҳосил шудани эндорфин, ки ҳормони фараҳу хушбахтӣ ба ҳисоб меравад, мусоидат менамояд. Эндорфин организмро ба танзим дароварда, стрессро бартараф менамояд.Аҳамияти ҷисмонии наздикии маҳрамона бо ин маҳдуд намегардад. Олимони тамоми ҷаҳон мунтазам натиҷаи тадқиқотҳои худро пешкаш менамоянд. Мувофиқи тадқиқотҳои охирини олимон муайян гардидааст, ки мавҷудияти ҳаёти ҷинсии мунтазам масунияти организмро баланд менамояд. Аз ин сабаб, аҳамияти шаҳват дар ҳаёти зан хеле зиёд аст. Ҳаёти ҷинсии мунтазам ба зебогӣ ва ҷавонии занҳо таъсири зиёд дорад. Ҳангоми фаъолона гардиш намудани хун ранги рўйи занҳо беҳтар гардида, пўсташон нарму мулоим мегардад.Шаҳват ба занҳо имкон медиҳад, ки «фигура»-и худро хуб нигоҳ доранд. Ҳангоми наздикии маҳрамона зиёда аз 300 калория таҷзия мегардад, ки онро ба машқҳои нимсоатаи ҷисмонӣ баробар кардан мумкин аст.Таъсири муносибатҳои шаҳвонӣ на танҳо барои нигоҳдории саломатӣ равона гардидааст. Инчунин, он ба ҳолати равонии зан низ беаҳамият нест. Зан бояд ҳис намояд, ки ўро мехоҳанд ва ин барои зан хеле муҳим аст.Ҳамин тавр, чунин хулоса менамоем, ки шаҳват дар ҳаёти зан нақши муҳим дорад ва на танҳо ба саломатии ў, балки ба ҳусну зебогӣ, ҷавонӣ ва боварӣ ба худ лозим аст.