Асосгузори шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ва ветсе-президенти ширкат Иля Перекопский дар ҷашни Рўзи Петербург ба сўи ҷамъомади одамон аз балкони фирмаи худ истода пулҳои арзишашон панҷ ҳазор рублиро якто-якто пош додан гирифт. Пас аз ҳар як пошдиҳӣ онҳо ин манзараро ба воситаи видеокамера ба навор мегирифтанд, ки чӣ тавр ҷамоати одамон аз барои пулро дастрас намудан якдигарро лату кўб менамуданд.Худи Дуров изҳор намудааст, ки маҳз худи ў ташаббускори чунин «саховатмандии Ҳотамона» буда ва фаҳмонидааст, ки барои чӣ чунин рафтор намудааст. Дар саҳифаи сомонаи худ, ў ба саволҳои дар ин хусус дода шуда чунин ҷавоб додааст: «Ҳамкорон хостанд, ки рафти ин идро дар намуди як аксияи хурдтарак дастгирӣ намоянд, аммо маҷбур шудем, ки зуд онро қатъ намоем, зеро мардум аз ин ба дарранда монанд шуданд».