Муҳоҷират ба ҷон расид, ки тоқате ба ман намонд, Ва роҳате маро дигар зи кори қадшикан намонд. Намерасад зи бӯи хоки кишварам машомро, Дигар мадору қуввате маро ба ҷону тан намонд. Чу ҳар касеву нокасе ба иззатам расид дигар, Сурури хештан куҷо? Ғурури хештан намонд… Ба мулки рус, ки тоҷикон заминканеву кӯчарӯб, Ба қавли пир, […]