ҲИУ дар Истаравшан аз гапи пуч бештар нест. Беҳтараш бигуем аз хатари “Ҳукумати Миллатфурушону Маҳалгароён (ҲММ)” аз деҳаи Данғара.

Wait 5 sec.

Яке аз бозорҳои бузургтарини Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Пайхас карда мешавад, ки вақтҳои охир Ҳукумати Миллатфурушону Маҳалгароён (ҲММ), ки магар Худованд барои ҷазо додани Тоҷикон ба сари қудрати давлати имруза оварда бошад, шикастҳои сиёсати кунду карахтонаашро ба фаъолияти гуё кадом як ҳаракати исломии узбакистон дар Истаравшани бостонӣ айбдор мекунад.Гузоришҳои беасоси расонаҳои мухталиф аз сарчашмаҳои комилан ғайрибоварибахши тобеъи ҳукумат кунунӣ иттиллоъ паҳн мекунанд, ки гуё дар таркиши бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар шаҳри Хуҷанд аъзоёни ҳамин ҲИУ аз шаҳр ва минтақаи Истаравшан даст дошта бошанд. Ҳар замон боздошт намудани сокинони шаҳр ва атрофи он бо иттиҳоми робита доштан бо гуруҳҳои Ал Қоидау Толибон низ боиси хандаву тамассхур аст ва гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин ҳукуматро аз мардуми худ руз аз руз тарсу ваҳми бештар мегирад.Дар ҳоле, ки ҷустуҷуҳои мо дар ин мавзуъ ва маълумоте, ки мо аз нафарони огаҳи ин минтақа бевосита пайдо кардем, тамоман дуруғ ва гапи пуч будани ин иддаҳоро тасдиқ мекунанд. Мардуми Истаравшан ба мисли аксари мардуми Тоҷики асил бисёр фарҳангиву ҳунарманд ва ҳушёру далер аст. Ин мардум расму оинҳо ва арзишҳои миллиро қадр мекунад ва ҳам дини мусалмонии худро азиз медорад. Бинобарин, онҳо аз ҳадафҳои ҳизбҳое ба мисли ҲИУ ҳеҷ гоҳ пуштибонӣ намекунанд, чун он аслан бо мафкураву ҷаҳонбиниашон созгор нест.Ин маҳз ҲММ аст, ки бо раҳбарии Имомалӣ Раҳмон хатари ҷиддитарин ба ҷомеаи мо расонида метавонад. Ин гуруҳи ифротгаро мардуми асили Тоҷикро талаву тороҷ ва буду боши умумиллиро азхуд карда, 70% аҳолии кишварро нодор карда, тану пушти худро ба русҳову аҷнабиён фурухта, боз ҳам аз номи миллати мо дар ҷаҳон гадогиву шармандагиҳо мекунад.Ба ин хотима бахшидан шарт ва зарур аст. Шояд Истаравшан, шояд Рашт ё Бадахшон ва ё шояд Исфара оғози шикасти ин низоми фоҳишаҳо хохад шуд. Аммо, яқин медонем, ки ин тарзи зиндагиву давлатдорӣ дер давом нахоҳад кард, ҲММ аз байн бурда хоҳад шуд ва роҳбарияти асили миллатдустон ва ватанхоҳон бо донишу ҳунарҳои замона ва дидгоҳи фаромиллӣ баҳри пешрафти Тоҷикон ва кулли Форсизабонон пируз хоҳад гашт.Барномаи поксозӣ аз низоми фасодбори ҲММ ва бозсозии ҷадиди Тоҷикистонро мо омода дорем. Ҳар лаҳза мунтазир бошем, азизон.Дар паноҳи худованди бузург!