Магар замини камёфти Тоҷиконро фурухтан ё ҳадя намудан ба Чин зарур буд?

Wait 5 sec.

"Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад." (Сарқонуни ҶТ, боби 1, банди 7) Бо арзи салом ва эхтиром ба мардуми хирадманди Тоҷик. Бигуем калом аз он, ки чанд рузе қабл шунидем ва моро дар ҳайрату ҳасрату дард монда аст.Санаи 13 январи 2011 Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарордод оид ба супоридани 1000 км кв замини кишварро ба Чин тасдиқ кардааст. Қарордоде, ки гуё дар натиҷаи баҳси созишномае, ки 100 соли пеш байни русҳову чиниҳо баста шудааст, руи об омадааст ва бо он ҳукумати Тоҷикистон даъвои Чинро қонеъ намуда, масъалаи сарҳадоти ҳар ду давлатро пурра ҳал кардааст.Офарин, ҷанобони холӣ! Яъне, соли навро бо ҳадяи замини камёфти миллат ба кишвари паҳновари ҳамсоя қайд кардем. Масоҳати Тоҷикистони мо 143,1 ҳазор км кв магар нофаҳмову нозебон буд, ки акнун онро 142,1 хазор баробар кардед? Бисёр ба манфиати миллат хидмат намудед, ки дар ҳақиқат фаромушнашаванда аст. Қонуншикании аз ҳама олиро худатон иҷро намудед, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтед. Дар боби 1, банди 7 сарқонун (на конститутсия)гуфта шудааст: “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.”Нахуст он, ки мардуми бумии Осиёи Марказӣ моем, вале бо вуҷуди ин ҳам давлати масоҳаташ камтаринро соҳиб шудаем, ҳаққи зарраи хоки худро аз даст додан надорем. Мо ҳаққи комилу одилона дорем, ки сарзаминҳои аз даст додаи худро ба мисли Бухорову Самарқанд Марву Гурганҷро бозпас бигирем, аммо ба хеҷ ваҷҳ як ваҷаб замин надиҳем.Дуввум он, ки созишнома байни русҳову чиниҳо зиёда аз 100 соли пеш ба вуқуъ омада бошад, чаро Ҷумҳурии Тоҷикистони имруза аз он зиён бинад? Бигзор Русияву Чин, ки кишварҳои аз ҷиҳати масоҳат бузургтарини дунё ҳастанд, бо доду гирифти порае аз заминҳои худашон ҳал мекарданд.Севвум он, ки агар ҳамаи санадҳои таърихиро бардорем ва харитаи дунёро аз он дубора бикашем, нисфи мамлакатҳои олами имруза вуҷуд нахоҳанд дошт. Худи Чин созишномаҳову меъёрҳои бешумори байналмиллалиро риоя намекунад, пас чаро мо бояд ба у гузашт кунем?Чорум он, ки шояд Чин бо ваъдаҳои сармоягузории бештар ё ҳатто бо таҳдиди пушидани лоиҳаҳои мавҷудааш аслан ҳукумати Тоҷикистонро ба ин амал водор карда бошад. Дар ин ҳол ёд дошта бошем, ки давлату давлатдориамонро пурра таслими чиниҳо кардан мумкин аст чун онҳо ҳар сармояе, ки мо барои рушди кишвар мехоҳем, дода метавонанд.Пирузии ҳеҷ гуна сиёсати хориҷӣ ё дохилӣ бо тақдим намудани замини кишвар ба давлати бегона анҷом намеёбад. Пирузии сиёсати хориҷӣ ҳамон мешуд, ки агар ин ҳукумат даъвои Чинро бо чунин далелҳои бешумор бартараф менамуд ва обруи Тоҷикистонро ҳамчун як давлати сустиродаи заиф боз поинтар намебурд. Худо накунад, ки боз ҳоло ҳукумати ҷаноби Раҳмон ба сарҳади Афғонистон баргаштани русҳо мусоидат бикунад, ки вагарна тамоман дар бораи мустақилияти кишвар дигар гап задан ҳоҷат нахоҳад монд. Бинобарин, фирефтаи молу мулки бегонагон нагашта, бо неруву малбағҳои худӣ бояд азми ободии Ватан намоем.Хулоса, мо Тоҷикон ниҳоят рузе бояд бедор шавем, мутаҳҳид гардем, болотар аз мафкураҳои шахспарастиву маҳалгароии танги худ бисабзем, дасти якдигар бигирем ва аз манфиатҳои миллӣ, забонӣ, фарҳангии худ сухан бигуему амал намоем. Мо як миллати далеру шуҷоъ, хирадманду донишвар, росткору нексиришт будему ҳастем, на як халқи бесаводу тарсуву бадахлоқе, ки барои пораи ноне, сухани дуруғе ё пули пуче Ватану миллати худро бифуршем.Дусту бародари ғамхори миллат, Дориюш Раҷабиён  дар робита ба ин хабари мудҳиш дарҳол дар торнигори худ порае шеъре гузоштанд, ки мехоҳам инҷо такроран чоп кунам чун дарду алами ҳамаи ватандустонро хеле саҳеҳ баён медорад:Нохалафтар зи ту кас ҳаст ба паҳнои Замин?Ки замини падариаш бидиҳад муфт ба Чин?Чинҳо бар рухи миллат фиканӣ бепарво,Эй аҷузи бемурувват, аҳмақи чарбҷабин!“Во дареғо”-и Самарқанду Бухорои ту ку?Эй бухори ғайрату сояи гурдони матин!Хонаат сӯхта бодо, ки заминам бидиҳӣ,Ба изои ду пашизи бадали сохти Пекин.Ду пашизе, ки таҳи ҷайби дарозат биравад,То бисозӣ ду-cе кохи дигари ҷаҳлнигин.Коҳи андӯҳи хиёнат ба куҷо даррезам?Кӯҳи фарёди ҳазимат ба сарам рехт чунин.Худоё, миллати хатохурдаи моро дар паноҳат нигаҳ дор!