Ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2010 ва пешгуиҳо барои соли нави 2011 (қисми 1)

Wait 5 sec.

Бахти миллат соли 2011 дар дасти ҳар яки мостБа хубӣ дар ёд дорем, ки чӣ тавр соли 2010 бо маъракаи ҷамъоварии маблағҳои мардумӣ барои сохтноми НОБ-и Роғун оғоз шуд. Хуб, ин нақшаи ҳукумати Раҳмон барои миллати Тоҷик чӣ фоида расонид?Нахуст, расонаҳои хабарии давлатӣ мардумро бо даъвату тарғибҳои хушку холӣ фиреб доданд. Ҳеҷ яке аз воситаҳои ахбори омма ҷузъиётҳои боварибахши барномаи маблағгузории пешниҳодгаштаро ҷустуҷу накард ва аз нақшаи дақиқи иҷроиши он огаҳ нанамуд. Яъне, мардумро водор карданд, ки бо чашми пушида ба гапҳои ҳавоӣ бовар кунанд ва аз ҷайби танги худ пул канда бароваранд.Дуюм, маблағҳои асосӣ на аз суи мансабдорону сарватмандон ё аъзоёни хонаводаву дустони Имомалӣ ва на ба таври ихтиёрӣ ва кушода, балки аксаран аз мардуми нодор ё миёнаҳол бо маҷбурӣ ё фишороварӣ ҷамъ оварда шуданд. Қариб ҳар як хонаводаи Тоҷик аз даромади ночизе, ки то ҳол бо заҳмати ашадӣ аз иҷрои корҳои ношоям дар хориҷа ё меҳнати пастсифат дар кишвар ба даст меоварад, маҷбуран барои пешрафти зиндагиаш ба ин маърака саҳмгузорӣ намуд. Ҳатто аз донишҷуён ва пиронсолон, ки қисмати камтаъмини ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз идрорпулӣ ё нафақаашон маблағҳо ситониданд.Сеюм, бинобар набудани нақшаи аниқ ва ҳамоҳангии қаблӣ бо кишвари ҳамсояи узбакистон, тамоми иқтисоди кишвар зери муҳосираи нақлиётӣ монд, ҳазорон тоҷирони Тоҷик миллионҳо доллар зарар диданд, нархи маҳсулот боло рафту зиндагӣ барои шаҳрвандон боз ҳам вазнинтар шуд ва ин ҳукумат то ҳол намедонад, ки бо пули ҷамъомада чӣ кор кардан лозим аст. Дар натиҷа, бо ин ҳама дарди сар ва зуровариву фишорҳо маъракаи Роғун танҳо 2-3 моҳ фаъол буда тавонист ва он ҳам танҳо ҳудуди 185 миллион доллар гирд овард, ки ҳатто даҳяки маблағи зарурӣ барои сохтноми неругоҳро дарбар намегирад.Бубинед, танҳо бо ин як фикри хоми ҳукумати «колхозӣ» чӣ қадар ба ҷомеаи Тоҷик соли гузашта зиён расонида шуд. Аз ростӣ, барои ин ташвишҳои мардум аслан зарурате набуд, чун раисҷумҳур агар шахси ҳақиқатан миллатдусту ватанхоҳ мебуд, аз маблағҳои то имруз аз Тоҷикистон чинда, дар бонкҳои хориҷӣ пасандоз намудааш якчанд чунин неругоҳ худаш бунёд карда метавонист. Давлатдорӣ ин кори руякиву сатҳӣ нест, балки дурандешиву дониши комил ва хислатҳои накуи инсонӣ талаб мекунад. Ҳукумати Раҳмон ба ин талаботҳо ҳеҷ ҷавобгу нест ва аз ин ру ҳар амали он бар зиёни миллати мо аст.Ин танҳо ба таври хеле кутоҳ оид ба як лоиҳаи ин ҳукумат буд. Бо фурсати муносиб андешарониро доир ба дигар ҳодисаҳои муҳимтарини соли 2010 давом хоҳем дод ва ҳам пешгиҳоро барои соли нави 2011 изҳор хоҳем кард. Мавзуҳои навбатӣ:Интихоботи МаҷлисРоҳи пулакӣФирори маҳбусон, таркишҳо ва амалиётҳои ҷангӣТобеъияти бештари давлат ба русҳоКарахтии ҷомеаБедоршавии насли нав