Қаюм (а-м) пойдор, устувор, поянда, яке аз номҳои Худо.Қаламшоҳ (ат-м) соҳибқалам, маҷозан соҳибсухан.Қаландар (т-м) дарвеши овора, аз дунё дасткашида.Қамар (а-мз) моҳ, моҳтоб, маҷозан хушрӯ, зебо.Қандил (юа-м) чилчароғ, шамъдон ё чароғпояи калон.Қандин (т-м) бо қанд омехта, ширин.Қаноат (а-м) ризомандӣ, басандагӣ.Қасида (а-з) яке аз шаклҳои шеърӣ монанди ғазал, аммо дарозтар аз он.Қаҳрамон (т-м) паҳлавон, фармонфармо, ҳукмрон.Қаҳҳор (а-м) сахтгир, ғалиб, киноя аз Худо.Қиём (а-м) мақоми баландтарин.Қимат (а-з) баҳо, нарх, арзиш.Қиматбаҳо (а-з) пурбаҳо, гаронбаҳо.Қирон (а-м) наздик шудан, ба ҳам наздик шудани ду сайёра.Қобил (а-м) қабулкунанда, пазиранда, лоиқ, соҳибистеъдод.Қобил (а-м) аз рӯи ривояти Таврот номи яке аз писарони Одам (а).Қодир (а-м) боиқтидор, тавоно, як номи Худо.Қозӣ (а-м) мансабдори шаръӣ, довар.Қомус (а-м) чуқуртарин ҷои баҳр, фарҳанг, китоби луғат.Қонеъ (а-м) розӣ, қаноатпеша.Қорӣ (а-м) хонанда, донандаи Қуръон.Қосим (а-м) тақсимкунанда, яке аз номҳои Худо, ки тақсимкунандаи ризқ аст.Қофия (а-з) пушти гардан, охири ҳар чизе;дар шеър калимаҳои ҳамшаклу ҳамоҳанг, ки дар охири мисраъ меоянд.Қубод (т-м) номи яке аз подшоҳони Сосонии Эрон, падари Нӯшервон.Қувват (а-м) зӯру тавоноӣ.Қуддас (а-м) дӯстдошта, дӯстдор, маҳбуб, муқаддас.Қудрат (а-м) тавоноӣ, зӯр, нирӯ.Қумрӣ (а-з) фохта, ҳар паррандаи тавқдор.Қурбон (а-м) наздикӣ, қаробат, чизе, ки дар роҳи Худо садақа мекунанд.Қутб (а-м) ҳар яке аз ду тарафи меҳвари фалак, маҷозан калон, сардори қавм, сарвар.Қутбия (а-з) сарвари занон.