Мардӣнабувад фитодаро пой задан(АбуъабдуллоҳиРӯдакӣ) Ъунвони ин матлабфармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан нашояд ва агар зарраешарафу ҷавонмардӣ дар вуҷудат боқист, дасти ӯро бигир, то бархезад (Гар дастифитодае бигирӣ, мардӣ). Аммо имрӯза наводагони Одамушшуъаро дар гӯшае аззодгоҳи ӯ густохонаву бешармона дар ҳоли пой задан ба касе ҳастанд, ки бодасисаи афроди ҷоҳталабу бенасаб ба зиндон уфтода ва ъоҷиз аз посух гуфтан баҳаҷмаҳои ноҷавонмардонае, ки ҳамарӯза аз чапу рост бар сару рӯйи ӯ меборад.Тозатарин лагадмақолаест, ки таҳти ъунвони пуртумтуроқи “Бархурди номуносиби эҷодӣ ба баъзеҳаводиси рӯзгор. Нигоҳе ба навиштаҳои дурӯғину тафриқангези Абдухалил Холиқзодадар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо имзои даҳанпуркуни “Ф. Раҳимӣ, президентиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дирӯз (15.09.23) дар трибуни ҳукуматии khovar.tjмунташир шуд.Дар як мавридидигар ҳам ба ин нуктаи муҳим ишора карда будам, ки зоҳиран шоёни такрор аст: Дурустаст, ки раҳбари кишвар лагоми Фарҳангистони ъулумро ба дасти оқои Раҳимӣ дода,аммо ин бад-он маънӣ нест, ки оқои Раҳимӣ худро донои кул фарз кунаду дуррпароканиҳояшроҷеъ ба замину замону осмону ресмонро хатми калом бидонад. Ҳамагон донанд, киФарҳоди Раҳимӣ дар заминаи физику риёзӣ сарришта дораду офаринаш бод! Пиёдабудани ӯ дар заминаи забону адабиёт аз ҳамон ъунвони мақолааш пайдост, ки “тафриқангез”-ро“тафриқаангез” ангоштааст. Аз ин рӯ, ин сухани оқои Раҳимӣ, ки аз банду бастикитоб дар “жанри ёддошт” эрод гирифта, газофае беш нест. Китоби “Ҳаводиси рӯзгориман” як намунаи тамому камоли гунаи адабии ёддоштнома аст ва Фарҳоди Раҳимӣ ҳамҷуз як эроди тӯхолӣ далеле наоварда, ки чиро набояд онро ёддоштнома ба шуморовард.Аммо аз бандидувуми матлаби Ф. Раҳимӣ далели эроди ӯ ошкор мешавад, ки рабте ба жонр ё гунаиадабии китоб надорад. Ф. Раҳимӣ бар А. Холиқзода мешӯрад, ки чиро дар китобаш “дастовардупешравиҳои замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳо” ва “заҳматҳоишабонарӯзӣ, ҷонсупориву сарсупурдагиҳо, ҷавонмардивуматонат, дилсӯзиву меҳрубониҳо, ободкориву созандагиҳо, хирадмандиву дурандешӣва донишмандиву ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”(инҳо ҳама ному алқоби як нафар аст)-ро нодида гирифтааст.Эроде, ки батамом сиёсист. Вагарна оқои окодемисян Раҳимӣ ҳам нек огоҳ аст, кинивисандаи ёддоштнома дар интихоби достонҳову моҷароҳои китобаш комилан мухтораст, чун ӯ аз дидаҳову шунидаҳову андӯхтаҳову озмудаҳои худ мегӯяд, на каседигар. “Ҳаводиси рӯзгори ман” шарҳи ҳоли Абдулхалили Холиқзода аст, на ман, на ФарҳодиРаҳимӣ. Рӯйдодҳоро ҳам ӯ аз манзари худаш баён мекунад, на аз равзанаи диди манё Фарҳоди Раҳимӣ.Мушкилиоқои Раҳимӣ набуди тамаллуқу чоплусӣ дар китоби оқои Холиқзода аст; ъунсуре, кихуди Раҳимӣ дар мақолааш бавузӯҳ ба намоиш гузошта ва дар ин росто банохудогоҳё худхоста аз инсоф ҳам гузаштааст. Ӯ муддаъӣ шуда, ки Холиқзода аз “дастовардупешравиҳо”-и давраи Раҳмон ҳеч нагуфта, дар ҳоле, ки дар сафаҳоти 5 ва 6-уми “Ҳаводисирӯзгори ман” мехонем: “Солҳое,ки зимистон сарду пурбарф меомад, роҳ бар ин гарданаҳо то шаш-ҳафт моҳ бастамебуд ва қисматҳои водии Фарғонаву Истаравшан ва Зарафшон ба водии Ҳисоруқисмати ҷанубии кишвар тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя роҳи заминӣ доштанд.Имрӯзҳо давлат дар ҳарду гардана тунел ё нақби нақлиётӣ зада, ҳарду қисматикишварро дар тамоми сол ба ҳам васл кардааст... Роҳи байни қисмати ҷанубумарказии кишвар ба вилояти Бадахшон низ душворгузар ва дар зимистонҳо бастамешуд. Ҳоло давлат дар ин самт низ роҳ бино карда, ки натанҳо ин ду қисматикишварро ба ҳам васл намуд, балки то ба Чин рафта, кишварро аз бунбасти нақлиётӣниз раҳо сохт”.Эроди дигари Ф. Раҳимӣ марбут ба меҳандӯстии АбдулхалилиХолиқзода мешавад, ки дар бахши “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, айМеҳан” буруз кардааст. Фарҳоди Раҳимӣ нороҳат аст, ки чиро нивисандаи “Ҳаводисирӯзгори ман” ба монанди ӯ Иттиҳоди Шӯравиро дӯст намедорад, “ба нақди замонишӯравӣ мепардозад”, ба гунае, ки “хонанда гумон мебарад мубаллиғисарсахти шӯрависитезе пешорӯяш қарор дорад”. Оқои Раҳимӣ дар ҳоли дифоъ азимпротуриест, ки чанд рӯз пеш 32-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон азонро ҷашн гирифт. Набояд ба як окодемисян тавзеҳ дод, ки истиқлоли Тоҷикистонбидуни фурӯпошии импротурии манҳуси шӯравӣ ҳосил намешуд. Тамҷид аз ИттиҳодиШӯравӣ - тамҷид аз он ҳаюлои истеъмор - ситоиши бардадор (ғуломдор) аст, ки башакли “сандруми Истукҳулм” дар бархе аз бардагон падид меояд. Оқои Раҳимӣ дарин дидгоҳи худ шояд банохудогоҳ истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравиропадидае шум донистааст. Ғофил аз ин ки тадовуми вобастагии Тоҷикистон ба Маскавъомили аслии тирагии рӯзгори мардуми мо пас аз истиқлоли сурӣ ҳам ҳаст.Раиси Фарҳангистониъулуми мо аз импротурии Шӯравӣ сипосгузор аст, ки “ба мо ҳамчун миллати воҳидимкони миллатсозӣ дода буд”, ғофил аз ин ки импротурии маҳбубаш миллату сарзаминивоҳиди мо – Бухороро сепора кард ва кӯчактарин пораи он ба мо расид; бидуниҳатто як шаҳри обод. Забони якпорчаи моро чандпора кард. Оё бояд ин ҳақиқатиторихиро ба раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон тавзеҳ дод?Мегӯяд: “ин мо будем, ки ба таврибояду шояд аз он имкони таърихӣ истифода набурдем ва дар ойинаи сиёсатиинтернатсионалистии шуравӣ худро бохтем. Чаро дар ҳамон давр миллатҳои дигаридар қаламрави империяи шуравӣ сукунатдошта сари манофеи миллӣ тамаркуз намуда,то андозае худро сохтанд, аммо аз дасти элитаи сиёсию мадании мо дар ин заминакоре барнаомад?” Дар ҳоле ки як ҷумла болотар нивишта буд: “муаллиф бонафрат алайҳи давроне, ки дар он фарзандони шоистаи Ватан -устодон Айнӣ,Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон ба хотири бақоимиллат ҷонфидоӣ намудаанд, бархурд менамояд.”Яъне талоши миллатҳои дигар бароихудсозию худшиносӣ дар ъаҳди Шӯравӣ ба чашми Ф. Раҳимӣ меояд, аммо ҷоннисориҳоитоҷиконе чун Шириншо Шотемуру Чинор Имомуф ва ҳазорон тоҷики дигарро, ки аздами теғи хунчакони Истолин гузаштанд, намебинад. Ё намедонад, ки далели қатлионҳо дақиқан ҳамон талошҳояшон барои худсозию худшиносӣ буд. Гӯё намедонад, киустод Ъайнӣ ҳам бо ишғолгарони сурх сари ъинод дошт ва бо подармиёнии АбулқосимиЛоҳутӣ ҷон ба саломат бурд ва то поёни ъумраш ба хатти порсӣ вафодор монд,ҳарчанд дастгоҳи таблиғотии Маскав ҳатто имрӯз ӯро падари алифбои порсикушипириллик медонад. Гӯё нашунидааст, ки Туғрали Аҳрорӣ ҳам ба дасти сарбозониҳамон импротурии маҳбубаш кушта шуд... Ва агар баростӣ Ф. Раҳимӣ бар ин бовараст, ки тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳеч талоше накарданду милали дигар карданд, номбурдани ӯ аз “устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзодава дигарон” бемаънӣ асту бо сухани худаш таноқуз дорад. Вагарна медонист, киҳар як аз ин бузургон дар ростои кору пайкоре, ки мекарданд, аз дасти Шӯравӣчиҳо кашидаанд ва чигуна тавонистаанд зинда бимонанд.Мағзшӯии Маскав иҷоза намедиҳад, киҳатто окодемисянҳои тоҷик далели хусумати хосси Иттиҳоди Шӯравӣ ба тоҷиконузабони порсиро дарёбанд.Теғаи найзаи фарҳангкуши ИттиҳодиШӯравӣ ба самти тоҷикон нишона рафта буд, чун забонашон (порсӣ) танҳо забоникулли Шӯравӣ буд, ки аз русӣ сартару бартар буд; забоне куҳантар бо бунмояебештар; ва фаротар аз марзҳои хунбори шӯравӣ мерафт. Дар натиҷа бояд ҳатталимконтазъиф ва тикка-пора мешуд, ки шуд. Ва окодемисянҳои мо ҳамчунон дар ҳолиоб рехтан ба ҳамин осиёби носавоб ҳастанд.Ҳол, ки Абдулхалили Холиқзода меоядумегӯяд, ки Тоҷикистонро дӯст дораду аз Иттиҳоди Шӯравии ғосиб дили хушенадорад, бояд бар ӯ шӯрид? Магар дар Тоҷикистони имрӯз ҳам ватандӯстӣ накуҳидаасту шӯравидӯстӣ сутуда? То ба кай косаи доғтар аз ош будан?Фарҳоди Раҳимӣ бо шинохти батамом булшевикмаобонааз кишвару кишвардорӣ нивиштааст: “Ё ин ки муаллифи китоб бар сари болшевиконмешӯрад ва тамоми бадбахтию мусибатро ба вуруду ҳузуру истибдоди онҳо марбутмедонад (С.7-8), дар ҳоле ки қабл аз болшевик тайи ҳазор сол тоҷик дар хидматисулолаҳои бегона буда, таҳти салтанатҳои хилофати арабӣ-исломӣ, қарохонӣ, ғазнавӣ,салҷуқӣ, муғулӣ, темурӣ, шайбонӣ, аштархонӣ ва манғитӣ қарор дошт”. Агар оқоиРаҳимӣ андаке фаротар аз мактаби булшевикӣ меандешид, ба ҳеч рӯй он дудмонҳо(сулола)-ҳоро бегона намехонд. Масалан, Темуриён (Гуркониён)-уШайбониён бо вуҷуди асолати муғулишон худро подшоҳони Муғулистон намедонистанд.Онҳо бо ифтихор худро подшоҳони Эронзамин мехонданд. Темуриён забони порсиро башибҳи қорраи Ҳинд бурданду доманаи пӯшиши онро дучандон карданд. МаҳмудиҒазнавӣ бо ҳама баду хубаш худро аз наводагони подшоҳони “Шоҳнома” медонист.Ҳеч як дар дарбор ба туркию муғулӣ такаллум намекарданд. Амир Ъолимхон ҳам боҳама ҳамоқате, ки ба намоиш гузошту бар Рус такя дошт, порсиро забони модариихуд медонист ва имрӯз ҳам фарзандонаш худро тоҷик мехонанд. Аз диди қавмиятӣҳам, агар барои ҷаноби Раҳимӣ муҳим бошад, амирони манғит модар андар модартоҷик (эронӣ) буданд. Муҳимтар аз ҳама, ончи то таҷовузи Артиши Сурх бар БухороиБузург ҳоким буд, забону фарҳанги ҷаҳоншумули тоҷикон буд. Ниҳояти шӯрбахтист,ки акнун раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон Худоро сипосгузор бошад, ки Русомаду Бухороро аз миён бурд.Ва агар, бармабнои истидлоли Ф. Раҳимӣ, қавмияти раҳбарон таъйинкунандаи ҳувияти кишварбуд, Иттиҳоди Шӯравии давраи Истолин бояд “Гурҷистон” мешуд ва дар давраиБрежнеф – “Укроин”. Ва Узбакистони ъаҳди Шароф Рашидуф ё Рафиқ Нишонуф бояд “Тоҷикистон”мешуд. Ва Омрикои давраи Борок Убоморо бояд “Кениё” мехондему Бритониёи имрӯзро-Ҳиндустон... Ҳарфи масхарае нест?.. Пас беҳуда набояд ин мантиқи лангро такроркард.Як эроди дигари Ф.Раҳимӣ марбут ба бахши “Кунун бишнав аз ман яке достон” (с. 14-30) аст, аммозоҳиран эродгиранда мутаваҷҷеҳ нашудааст, ки ровии он достон АбдулхалилиХолиқзода нест, балки Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон аст. Ӯ дарсафҳаи 14 китобаш нивишта: “Боредар як нишасти дӯстона Вазири умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода аз замонибачагияш ҳикояеро нақл кард” ва достонро баъд аз он ривоят кардааст. Пас мухотабиин эроди оқои Раҳимӣ бояд оқои Раҳимзода бошад, на Холиқзода. Ҳарчанд ба гилаҳоиарзишии оқои Раҳимӣ мешавад посухи ҷомеъашинохтӣ дод. Ӯ муътақид аст, кидостони Рамазон Раҳимзода “шаъну шарафи бонуи тоҷикро то андозае пойин мебарад”ё ин ки ӯ “бо овардани ин ҳақиқатиталхи гузашта шаъну шарафи марди тоҷикро паст задааст”. Яъне ба бовари Раҳимӣ,қиссае, ки Раҳимзода ба Холиқзода таъриф кардааст, шаъну шарафи ҳам зану ҳаммарди тоҷикро поин мебурдааст ва ҳатто агар ҳақиқат бошад, набояд бозгӯ шавад. ХудиРаҳимӣ ҳам онро “ҳақиқати талхи гузашта” номида, аммо аз бозгӯ шудани он нороҳатаст. Шояд бо ин бовари ъомиёна, ки “сари кафида – тагитоқӣ”. Ҳарчанд бояд бидонад, ки сари кафида зери кулоҳ дармон намешавад ва боядзахмро ворасӣ кард, то мудово шавад.Гуфтанӣ андакнест, аммо дар ин фурсати кӯтоҳ бо ҳамин сухани Абдулхалили Холиқзода аз китоби“Ҳаводиси рӯзгори ман” иктифо мекунам:«Мақсад аз оинадорӣ бармало кардани заъф баҳри рафъи он аст. Ба оинанаметавон шӯрид, шӯридан ба оина худшефтагист, ки дар тиб онро беморӣ медонанд!»Ҳаққ асту рост! 26 шаҳривари 1402 (16.09.23)